БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ»-и ноҳияи Балҷувон дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ бо кормандони соҳаи тибб вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф ва дигар шахсони давъатӣ иштирок дошта, дар бораи муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла қонуншиканиҳо, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар воқеъ соҳаи танадурстӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Солимии миллат маҳз ба дастони мӯъҷизаофари табибон вобаста аст. Имрӯзҳо дар ҷамъият табибон нақши бузургу созгор доранд. Пас, ҳар як корманди соҳаро зарур аст, ки содиқона ба миллату давлат хизмат намоянд.