КУШОНИЁН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён, баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия дар нимаи якуми соли 2019 ва ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯриҳо идома доранд.
Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Назорати андоз”-и ноҳия доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин ба ҳадафу маром ва муҳтавои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайдо намудани манбаъҳои нави андозбандӣ ва иҷрои босифати қисми даромади буҷаи ноҳия, роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, сари вақт ва пурра иҷро намудани андоз суханронӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва вазифаҳои ҳизбиён дар татбиқи ҳадафу мароми Паёми Пешвои миллат андешаронӣ карда шуд.
Дар охир Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” роҳандозӣ гардида, ба як нафар маъюби гурӯҳи якум Олимов Наимҷон ба маблағи 1500 сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.