БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Барои ободии Ватан ҳар яки мо саҳмгузорем!

ЛЕВАКАНТ.Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  дар ташкилоти ибтидои ҳизбии «Амонатбонк» -и шаҳр вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  оид ба баррасии муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрии судманд доир гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроия  Назарова Фароғат ба сухан баромада,  оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеояд,  андешаронӣ намуд.

Ҳамзамон, аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидои ҳизбии “Амонатбонк” ба ҳашари умумӣ баромада,  заминҳои назди биноро нарму  аз алафҳои бегона тоза карданд ва тасмим гирифтанд, ки то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гулҳои ороишӣ ва хушбӯй шинонида, таъмири бинои мазкурро ба итмом мерасонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg