БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумат қарор дорад!

ЛЕВАКАНТ. Мутобиқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»  хониши сиёсӣ баргузор гардид. Сараввал муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова  дар самти соҳаи маориф сухан намуда,  ибрози андеша кард, ки   Паёми имсолаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти соҳаи маориф бисёр хуб ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду мушкилоти  асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология  тақозо мекунад, ки онҳо  низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд.

Дар қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  бо иштироки васеъи  кормандони  соҳаи маориф, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои созандагию ободонӣ  хуб ба роҳ монда шуд.                       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg