БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳиссаи мардуми ватандӯстӣ деҳот дар ободонии Ватан зиёд аст

КУШОНИЁН. Ба хотири тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки мардуми ватандӯсти деҳоти Сироҷиддин Фатоеви ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кушониён корҳои созандагӣ  ташкил карда шуд.

Мардуми ватандӯстӣ деҳоти номбурда дар корҳоиободонӣ  фаъолони ширкат варзида,  гирду атрофи деҳаи номбурдаро ба тартиб дароварда, ҷӯйборҳоро аз партовҳо тоза намуда,  зиёда аз 80 бех дарахтони сояфкан ва ороишии ҳамешасабз шинониданд.

Сарсабзу хуррам гардонидани диёр яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ  буда,  одатан дар чунин корҳои ҷамъиятӣ аъзои ҲХДТ фаъолона ширкат меварзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg