ЁВОН. Дирӯз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар доираи ҷадвали тасдиқнамуда бо мақсади баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Норин» хониши сиёсӣ гузаронида шуда, инчунин дар яке аз оромгоҳи навбунёди ҳудуди ҷамоат корҳои созандагию бунёдкорӣ роҳандозӣ карда шуд.
Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон и.в.муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солеҳов Маҳмадрасул иштирок дошта, ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва расидан ба яке аз ҳадафи нави стратегӣ саноатикунонии мамлакат андешаронӣ намуд.