ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Наврӯз»-и ҷамоати деҳоти Нури Вахш бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Зимнан кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар назди ҷамъомадагон доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда, сокинони деҳотро барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои аз Паёми Пешвои миллат бароянда раҳнамоӣ карданд.
Баъдан вобаста ба қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якӌоя ҳал мекунем!» сокинони деҳот бо роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Наврӯз» Туропов Олтибой дар тоза кардани гирду атрофи маҳалли зисти худ, роҳи деҳа, ҷӯйбори обгузар, ки истиқоматкунандагони деҳа аз оби ҷӯйбор дар рӯзгори ҳаррӯзаашон истифода мебаранд, саҳм гузоштанд.