ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ «Якҷоя ҳал мекунем!», ҳамчунин бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо, ҳамзамон оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо аҳли коллективи корхонаи номбурда баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баррасӣ карда шуданд.
Инчунин, дар вохӯрӣ вакили ҷамоат Наимов Нусратулло иштирок дошта, дар бораи дастуру супоришҳои аз Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароянда, ҳарф зада, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати рушду нумуи Ватан раҳнамоӣ намуд.
Баъдан, вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ Наимов Нусратулло кормандони корхона дастаҷамъона ба бунёди гармхона бо мақсади вусъат бахшидани гулпарварӣ машғул шуданд.