КУШОНИЁН.Ҳамарӯза дар кӯчаву маҳал, корхонаву ташкилот, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва гӯшаву канори ноҳияи Кушониён барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён доранд.
Аз ҷумла, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и ноҳия бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ шанбегӣ ташкил карда шуда, иштирокдорони шанбегӣ гирду атрофи бинои ташкилоти номбурдаро ба тартиб дароварда, ҷўйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза намуданд ва бехи дарахтонро нарм карданд.
Дар чунин корҳои ҷамъиятӣ асосан аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ фаъол буда, онҳо кӯшиш менамоянд, ки бо корҳои ободонӣ, гулзор намудани кӯчаву хиёбонҳо, тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар аз партовҳо саҳми арзандаи хешро барои ободу зебо гаштани диёри худ гузоранд.