АНДЕША. Мардуми ватандӯстӣ Тоҷикистон ҳамасола ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паём дастурест барои фаъолияти минъбаъда ва раҳнамоест барои татбиқи ҳадафҳои созанда.
Санаи 26 декабри соли 2018 баъди тамошои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар руҳияи мардум эҳсоси тантанаву шодмонӣ ҳувайдо гашта, ҳамдигарро табрику шодбош мегуфтанд.
Воқеан, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар давраи навбатӣ низ баробари муаррифии дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дар соли 2018 самти фаъолиятро барои давраи минбаъда мушаххас намуд.
Дар Паём зикр гардид, ки соли 2018 бо воқеоти тақдирсозу хотирмонаш соли таърихӣ буд. Дар ҳақиқат, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои сокинони созандаи Тоҷикистон мардум тавонистанд ба як қатор ҳадафҳо ва нақшаҳо бирасанд.
Расман оғоз гардидани ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор андохтани агрегати якуми НБО Роғун, ки қадами устувор ба ҳадафи якуми стратегӣ -истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад, кушодашавии сарҳад ва ҳалли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз арзишмандтарин рӯйдодҳои соли 2018 маҳсуб меёбанд.
Сарвари давлат ҳамчунин дар Паёми хеш ба масъалаҳои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, бахшҳои истеҳсолӣ, афзоиши аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, об, роҳ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайраҳо мушаххасан суханронӣ намуданд.
Баробари он, таваҷҷуҳ ба забономӯзӣ, мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа имрӯза, расму оин, ҳуқуқи шаҳрвандон, қувваҳои мусаллаҳро дар мадди назар қарор дода, таъкид гардид, ки хатари терроризм ва ифротгароӣ вуҷуд дошта, мубориза бар зидди ин зуҳуроти хатарзои ҷомеа вазифаи дастҷамъона мебошад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар пешорӯи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамаи маъсулияту маром ва кору пайкори худро баҳри сазовор таҷлил намудани ин ҷашни муқаддаси миллӣ равона менамоянд. Ин нукта дар Паёми Пешвои миллат махсусан зикр гардида, даъват ба амал оварда шуд, ки мо бояд ба тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби ғояҳои истиқлолият, муаррифии дастовардҳои шоистаи миллӣ, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро сазовор истиқбол намоем.
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён нақшаи чорабиниҳои тарғиби нуктаҳои Паём ба тасвиб расида, гурӯҳҳои тарғиботӣ дар ҳайати фаъолон, собиқадорон, занон ва ҷавонон дар мулоқот бо сокинони ноҳия сафарбар гардиданд.
Дар асоси нишондодҳои барномавии Паёмҳои Пешвои миллат баҳри пешгирӣ аз воридоти дорувории пастсифату қалбакӣ бо истифода аз анъанаҳои қадимаи тибби тоҷик, паст фаровардани нархи доруворӣ ва истифода аз гиёҳҳои шифобахши тиббӣ, меваю сабзавот ва гиёҳҳои шифобахши сарзамини Тоҷикистон соҳибкорони ватанӣ бо дастгирии давлатӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ иқдомҳои шоиста менамоянд.
Ба ин хотир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани вазъ пешниҳод намуданд, ки аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад, ки ин ғамхории Пешвои миллат, бевосита барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва солимии миллат ровона карда шудааст.
Ифротгароӣ имрӯз ба мушкилии ҷаҳонӣ табдил ёфта, аксари мамолики оламро ба ташвиш овардааст. Вақтҳои охир аксар ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ки бо ном «исломӣ» мебошанд ва бо ин кирдору корҳояшон нуфуз ва қадри исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онҳо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ бо ниқоби ислом давлатҳои пешрафтаи дунёи исломро ба чӣ ҳол оварда расонд. Ҳоло дар Ироқ, Сурия, Либия, Яман ҳокимияти давлатии комил вуҷуд надорад. Қариб ба ҳамаи ин давлатҳо хавфи аз харитаи ҷаҳон нест шудан, таҳдид мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём масъалаи рушди сайёҳӣ дар мамлакатро ҷиддан ба миён гузоштанд. Тоҷикистон кишварест, ки зарфиятҳои истифоданашудаи ҷаҳонгардӣ дорад. Манзараҳои дилрабо, табиати дилкаш, обҳои шифобахшу чашмаҳои равон, кӯҳҳои азиму ёдгориҳои бостониаш, бешак, муҷиби ҷалби ҷаҳонгардон аст ва зарур аст, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҳамасола барои тараққии ин соҳа барномаҳои зиёде амалӣ мешаванд ва бо мақсади рушди соҳа Пешвои миллат соли 2018 - ро бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Нуктаи хурсандибахш дар он буд, ки бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот ва рушди ҳунармандию сайёҳӣ солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд.
Ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа меҳисобад.
Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари маҳбуби мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд. Дар Паём қайд гардидааст, ки «Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло бо шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул намоем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем, сокинони мамлакатамро дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъда бояд зикр намуд, ки сиёсати ҷавонон яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукамату давлат дониста мешавад. Пешвои миллат дар Паёми хеш қайд карданд: «Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд».
Пешвои миллат ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ ва аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар Паёмашон иброз доштанд, «Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масълаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем».
Президенти кишвар оид ба масъалаи нарасидани оби ошомиданӣ дар ҷаҳон ва ба таври зарурӣ истифода бурдани аз он, борҳо аз минбарҳои баланд ба ин масъалаи глобалӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудани инсоният, даъват ба амал оварда, ибрози назар кардаанд. Дар Паёми гузашта оид ба масълаи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» Президенти кишвар зикр намуда буданд ва дар Паёми навбатиашон низ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуданд: «Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид. Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда нақши пешбарро идома хоҳем дод».
Дар умум бояд гуфт, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, аз ҷониби мардуми кишвар, аз ҷумла мо ҳизбиён хуб пазируфта шуда, ҷиҳати ба мардум расонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатӣ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои он саъю талош менамоем.
Саторова Мунаввара-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён