АНДЕША.Тавре ҳамагон огоҳем ҳар сол Паёми Пешвои миллат ба мақомоти олии қонунгузор- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои фаъолияти дохилию хориҷии кишвар ва рушду инкишофи хоҷагии халқи мамлакат, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаҳои мухталиф ироа мегардад.
Паём давоми мантиқии фаъолияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми муддати муайяни вақт буда, Пешвои муаззами миллат бобати рушди низоми нави давлатдории тоҷикон, роҳҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бо вазифагузориҳои мушаххас дар назди масъулини вазорату кумитаҳои дахлдор ва ҳар як фарди соҳибватан сухан мекунанд.
Метавон гуфт, ки аз Паём то Паём дар натиҷаи тадбирандешӣ ва дуруст ба роҳ мондани фаъолият, инчунин имконияти истифодаи самаранокии захираҳои мавҷуда. Паём мулоқоти рӯ ба рӯи Сарвари давлат бо шаҳрвандони кишвараш, ки тамоми мавзӯъҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минъбада ҷиҳати пойдорӣ ва устувории амнияти Ватан равшан месозад.
Чуноне аз мушоҳидаҳо бармеояд аз Паёми қаблӣ то Паёми навбатӣ Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Ва аз ҳама муҳимтаринаш ин ба кор даровардани чархаи аввалини Нерӯгоҳи барқи обии Роғун буд. Ин нерӯмандии халқи тоҷик, нангу номӯси мардуми тоҷикро бори дигар нишон дод ва аксарият мардуми кишварҳои ҳамсояи наздику дур роҳбарони он ба хирадмандию дурандешии Сарвари давалатамон, мушкилнописандии халқи Тоҷикистон, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда, ин иншооти азими асрро ба кор дароварданд, баҳои баланд доданд.
Абдуназарзода Шоиста- Узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар