БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пояи давлат набошад бе маориф устувор…

Ш.ШОҲИН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Асақолов Алиҷон муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ва Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроия  иштирок дошта, дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  эълон гардидани  солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба кор даровардани чархаи якуми НОБ-и Роғун,   самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, муқовимат бо коррупсия,  пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи дурусти  насли наврасва баланд бардоштани  савияи дониши онҳо   суханронӣ намуд.

Дар идома  узви фаъоли ташкилоти ибтиодии «Маорифчиён» Булбулов Шакармад ба сухан баромада,  сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, аз натиҷаи рушди бемайлони хоҷагии ҳалқ ва беҳтару хубтар шудани сатҳи зиндагӣ дар деҳот изҳори қаноатмандӣ кард.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg