БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон давлати ҷавону аз ҷавонон аст

А.ҶОМӢ. Бо мақсади баррасии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли 2019 бо иштироки Раҳимов Ҳоким муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷавонон» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан Раҳимов Ҳоким дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сиёсати давлатии ҷавонон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла фаъол гардонидани ҷавонон дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ,  ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз техникаву  технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут бо истифодаи нодурусти онҳо ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу суботу амнияти кишвар суханронӣ намуд.

Баъдан  дар доираи амалишавии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Ҷавонон» бо ҷалби кормандон ва ҷавонону аъзои фаъоли ташкилот корҳои ободониюсозандагӣ, тозакунии ҷӯйю заҳбурҳо аз партовҳо ва шинонидани дарахтони ҳамешасабз  ба анҷом расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg