БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Танҳо меҳнат моро ба зиндагии арзанда мерасонад!

ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҳайати муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр  Назарова Фароғат ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита иҷроияи  шаҳрии ҳизб  Валиев Суҳроб бо  сокинони ҷамоати деҳоти Гулистон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ деҳаи «Эшонобод»  баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат маълум гардид, ки Қурбонов Отамурод сокини деҳа дар сини мубораки 77 солагӣ давлати пирӣ вале ба ин синну сол нигоҳ накарда,  бо аҳли оила ва фарзандон дар замини наздиҳавлигии худ гармхонаҳои барҳаво ташкил карда, аз сабзавоту  кабудиҳои тару тоза бозорҳои истеъмолиро  таъмин намуда, инчунин  ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Эшонобод ва оилаҳои ниёзманди ҷомеа кумак мерасонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg