МӮЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар ноҳияи Мӯъминобод бо фаъолон ва истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи Алишер Навоӣ оид ба баррасии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод Рамазон Ҳайдаров ва раиси ҷамоати шаҳраки Мӯъминобод С.Мирзошарифзода иштирок дошта, дар бораи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла пешгирии гаравиши шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣандешаронӣ карданд.