БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақши омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас бузург аст

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ҷамоати деҳоти Заргари  ноҳия вохўрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулин  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасиии масъалаҳо доир ба вазъи ҷаҳони муосир, омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва  нақши омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ карданд.

Ҳамзамон, ба аъзои нави ба сафи ҳизб шомилгардида дар вазъияти тантанавӣ ба 12 нафар ҷавонон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg