БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём муҳимтарин самтҳои пешрафти кишварро муайян намуд

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Коргоҳи дӯзандагӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан  ва Исоев Фаррух тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан оид ба  Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, қайд намуд, ки  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода,  самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2019 муайян намуд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз сарчашмаҳои ташаккул ва инкишофи ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру раҳнамои ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Инчунин, дар ин раванд мавсуф дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  андешаронӣ карда,  ки   ҷамъомадагон занону ҷавондухтарон буданд, барои боз ҳам рушд додани касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ба дигар омӯзонидани ҳунарҳои миллӣ  маслиҳатҳои судманд дод.

Дар охир ба 16 нафаре, ки барои пайвастан ба сафи  ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд,  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ  тақдим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg