БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум дар роҳи созандаи ҲХДТ қадам мениҳад

ФАРХОР.Тибқи ҷадвали дасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  вохӯрии  навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Молия" баргузор гардид.

Нахуст, дар вохӯрӣ Алиҷон  Назаров ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола ба масъулин дода буданд, бори дигар нуктаҳои дахлдорро шарҳу тавзеҳ дод.

Сипас,  мавсуф дар масъалаи сарфакорона истифода бурдани нурӯи барқ ва хатарҳои терроризму экстримизм, муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок дар иқтисодиёти кишвар, пешгирӣ аз нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ки  ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  бармеоянд, суханронӣ намуд.

Дар охири маҷлис аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар масъалаи ободонӣ ва рушди маҳал дар доираи  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg