ҲАМАДОНӢ.Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карданд, ки бо арзу эҳтироми самимият ва миннатдорӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд барои ташаббусҳои созанда мехоҳам як нуқтаро таъкид намоям, ки ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ замин тақсим карда дода шудааст ва ба ҳисоби миёна беш 7 миллион нафар сокинони кишвар шароити манзилиашонро беҳтар карданд.
Аз тарафи кормандони ташкилоти номбурда дар доираи иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» кўчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳраки Москва тозаю озода карда шуда, партовҳои гирду атрофии маҳаллаҳо гирифта шуданд.