БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: Сарсабзиву хуррамии Ватан орзуи ҳамешагии мост!

ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳамчунин  бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи  баргузории вохӯрию мулоқотҳо, ҳамзамон  оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард» вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарордода шуданд.

Вакили ноҳиявӣ Муродов Нуралӣ  дар вохӯрӣ иштирок дошта, дар бораи масъалаҳои болозикр фикру андешаҳои хешро баён карда, аз ҳар як  иштирокчии вохӯрӣ  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои  аз Паёми навбатии Пешвои миллат бароянда ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амал овард.  

Баъдан  вобаста  ба  татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард» Муродов Нуралӣ кормандони ташкилоти номбурда ба ҳашари дастаҷамъона баромада,  дар корҳои ободонӣ ва нармкунии замин бо мақсади кабудизоркунӣ саҳм гузоштанд.

Њамзамон  дар корҳои ободонию  кабудизоркуни раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  бевосита иштирок дошта,  саҳми назарраси худро гузошт.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg