БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум дар роҳи созандаи ҲХДТ талош варзида истодаанд!

ПАНҶ.Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба баргузор намудани чорабинии сатҳи баланд дар ростои “Соли  балсанд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ чорабинии сиёсӣ таҳти унвони “Мардум дар роҳи созандаи ҲХДТ қадам мениҳанд!”роҳандозӣ гардид.

Нахуст чорабинӣ ҳамоиши ҳизбӣ сурат гирифта, дар он ҷавонон, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, кормандону коргарони ташкилотҳои ибтидоии тобеи ҷамоати шаҳрак иштирок намуданд.

Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон баромад намуда, оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳизбиён, ки аз муҳтавои Паёми  навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, андешаронӣ намуд.

 Баъд аз баромадҳои судманд иштирокдорони ҳамоиш барои иҷрои корҳои амалӣ  сафарбар гардиданд. Дар ин рўзи ободонӣ сокинон бо тоза кардани ҷўйҳои обгузар, нарм кардани бехи дарахтон, шинондани ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ, кашидани ҷўи обгузар, шинондани гулу гулбуттаҳои ороишӣ машғул шуданд.

Бо ин кори дастаҷаъмона сокинони ноҳия дар ободии диёри азизи худ Тоҷикистон каме ҳам бошад саҳмгузор шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg