БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз ободии маҳаламон оғоз мегардад

НОРАК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд Аксия тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ карда шуда истодааст.

Имрӯзҳо дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаю маҳаллаҳо, корхонаю муассисаҳои шаҳри Норак ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксия мазкур корҳои ободониву созандагӣ идома дорад.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чортут”-и ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барои бунёду барқарор намудани боғҳо, шинонидани дарахтони мевадиҳандаву сояафкан, таъмири роҳҳои маҳал, тоза намудани ҷӯйборҳо ва гирду атрофи деҳа  ба ҳашар баромаданд.

Мардуми шарафманди шаҳри Норак аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаноатманд буда, баҳри ободии Ватан ҳамеша саҳми худро мегузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg