БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалҳои хайрхоҳона ҷиҳати дастгирии ятимон зиёд шуда истодааст

КУШОНИЁН. Тибқи   ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Кушониён ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯриҳо дар ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбӣ доир шуда истодааст.

Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии  ҷамоати шаҳраки “Бохтариён”-и  ноҳия баргузор гашт.

Дар вохӯрӣ  масъулин  оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизб, таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, самаранок истифода намудан аз қувваи барқ, риояи талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” , омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбатҳо намуданд.

Сипас, кормандони ташкилот Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  - ро роҳандозӣ намуда, ба як оилаи ниёзманди ҷомеа  оилаи Сайдаҳмадовҳо  либоси гарми зимистона кӯмак карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg