ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибон” доир карда шуд.
Дар роҳандозии Аксияи ҳизбӣ кормандони ташкилоти ибтидоии “Табибон” бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар зери сиёсати хирадмандонаву ватандӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмломалӣ Раҳмон дастаҷамъона ба тозакардани ҷӯйборҳои обгузари гирду атрофи ташкилоти номбурда иштирок фаъолона карда, инчунин дар ин раванд дарахтони ороишии ҳамешасабз ва мевадиҳандаро шинониданд.
Ҳамзамон, деворҳои фарсударо қисман таъмир намуда, зери дарахтон ва деворҳоро сафед карданд.