БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби созандаю бунёдкор ва пешоҳанги ҷомеа

ҲАМАДОНӢ.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заводи КОБ» (корҳои оҳану бетонӣ)-и ноҳия хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд.

Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Гадоӣ Сайдалиев қайд кард, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд. Вобаста ба ин зарур аст, ки то соли 2030 ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 % расонида шавад.

Барои расидан ба ин мақсад бояд амалишавии барномаҳои соҳавии қабул гардида ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, самаранокӣ ва сифати онҳо таъмин карда шавад.

Тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ доир ба ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон доданд, ки аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ба молҳои асосии хӯрокворӣ, сабабҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмон таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар дар давоми се соли охир қариб 3 миллиард сомонӣ ё 31 % коҳиш дода шавад.

Ҳамзамон, дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҳисоби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заводи КОБ»-и ноҳия ба як нафар шахси эҳтиёҷманд маводи ғизоӣ 5 кг равған ва 1 халта орд тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg