![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/2_58.jpg?itok=MzYkhFDw)
КУШОНИЁН. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Кушониён дар нимаи якуми соли 2019 Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандози шуда истодааст. Ин навбат дар деҳаи Бибихурами ҷамоати шаҳраки Бохтариён чорабинӣ гузаронида шуд.
Дар он масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизб, ватандӯстию хештаншиносӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҷалби ҷавонон ба корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ андешаронӣ кардаанд.
Баъдан Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро баргузор намуда, иштирокдорон бехи дарахтонро нарм карда, ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза ва гирду атрофи деҳа ва оромгоҳи деҳаи номбурдаро ба тартиб дароварданд. Инчунин, дар ин раванд дар деҳа зиёда аз 48 бех дарахтони сояфкан ва ороишии ҳамешасабз шинонида шуданд.