ҚУБОДИЁН. Бо иқдоми ватандӯстонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Табибон " дар доираи ҷадвали баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" чорабинӣ роҳандозӣ карда шуда, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибон ” Тошев Темур иштирок дошта, ду нафар бемороне, ки аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа дар беморхона бистарианд, аз саломатӣ, нигоҳубини онҳо аз ҷониби кормандони сохтори госпиталӣ , ки ба тариқи ройгон пурра таъмин карда шудаанд, аз наздик шинос шуданд.
Модарони бемор ташаббуси неку инсондӯстонаи ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои ватандӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, аз иқдоми созандаи ҲХДТ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.