БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём ҳамчун санади муҳими барномавӣ ифода гардида, сармашқи корӣ тамоми халқи мамлакат арзёбӣ мегардад

АНДЕША. Воқеан  Паёми навбатии  Пешвои миллат  тамоми ҷабҳаҳои  мухталифи ҷомеаро фаро гирифта, ҳамчун таккондиҳандаи рушди соҳаҳои гуногуни  хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад.

Маҳз  тавассути  Паём ба  сокинони кишвар аз фаъолияти яксолаи давлату ҳукумат  иттилоъ  дода шуда, нақшаҳо  барои  соли оянд тарҳрезӣ  мегарданд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат дарҷ гардид, ки  Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят  муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.Дар амал татбиқ гардидани ташаббуси чоруми ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об,  нишон  аз  ғамхориҳои  башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон   нисбати тамоми аҳолии ҷаҳон  мебошад. Дар ин замина қабул гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  2018-2028» шаҳодати гуфтаҳои болост.Тоҷикистони азиз дар соли сипаригардида ба як чанд дастовардҳои назаррас ноил гардид. Яке аз дастовардҳои хотирмон ин ба кор андохтани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун мебошад, ки Пешвои миллат дар Паёмашон  ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд: «Ба кор андохтани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун , яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ-истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад». Рӯйдоди дигари таърихие, ки дар соли сипаригардида ба вуқӯъ омад,  ин ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки дар ҳаёти маънавии  ду халқи бо ҳам дӯст дигаргунии куллӣ ба амал овард. Ҳақиқатан  муносибатҳои нав байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Ӯзбекистон рӯйдоди басо бузурги таърихӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ин халқу миллатҳо арзёбӣ мегардад.Маҳз бо шарофати ду марди бузурги таърихӣ  Пешвои миллати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат  Мирзиёев  муносибатҳои байнидавлатӣ  ба роҳ монда  шуда , созишномаи шарикии стратегӣ ба имзо расонида шуд, ки дар натиҷа рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардид.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат  якчанд  масъалаҳо дар доираи самту соҳаҳои  муҳимми ҷомеа аз ҷумла: молия, саноат, иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, экология , сайёҳӣ ва рушди деҳот, маориф,  тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон таҳлил карда  шуданд.

Ҳамзамон,  ба  самти  рушди  молия диққати аввалиндараҷа дода шуда, дар муҳокимаи  масъалаи мазкур паёмадҳои иқтисодиву иҷтимоии раванди тағйир  ёфтани  муносибатҳои  иқтисодии байналмиллалӣ, вазъи бозорҳои молиявӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, таъмин намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ   баррасӣ  гардиданд.

Пешвои миллат дар Паёми имсола саноатикунонии кишварро  ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуда, таъкид карданд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)  ба 22% расонида шавад.Дар ин муддат амалишавии нақшаи гузариши кишвар аз шакли аграрӣ ба индустриалӣ -  аграрӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин,  дар кишвари азизамон 70  лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ  ба нақша гирифта шудааст.

Яке аз соҳаҳое, ки барои рушди  иҷтимоиву иқтисодӣ аҳмияти бузург  дорад  соҳаҳои  нақлиёту коммуникатсия мебошад.Чунонеки дар Паём зикр гардид: «Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои  мошингарди дохилӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду  таҷдид карда шуданд».

Хушбахтона,  бо саъю талоши Пешвои миллатамон Тоҷикистони азиз аз бунбасти коммуникатисионӣ раҳоӣ  ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид.

Амалишавии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар сатҳи байналмилалӣ, газариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ – индустралӣ ба индустралӣ – аграрӣ , то соли 2030 афзоиш  додани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) то ба 22 фоиз, саноаткунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳаи соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» , эълон кардани  солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ аз зумраи ҳадаф ва самтҳои амиқи марҳалаи имрӯзу ояндаи  рушди давлатдорӣ ва иқтисоди миллӣ мебошанд, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат  амиқу дақиқ муайян гардидаанд. Онҳо сарчашмаи кору пайкори  мақомоти марказӣ  ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, ташкилоту муассиса, корхонаҳо ва соҳибкорон, дар маҷмуъ тамоми аҳли сокинони Ватани азизамонро ташкил медиҳад.

Моро мебояд  бештар заҳмат кашида, содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем,саривақт нақшаҳои бунёдкоронаи худро бо сифати баланд ба анҷом расонем, зиракию  ҳушёриро аз даст надода,  атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардем,  ба  фаҳмиши баланди давлату давлатдорӣ, Ватану ватандорӣ , дарк ва  ҳифзи манфиатҳои миллиро дар тафаккури мардум бедор намуда,  дар  ҳалли масъалаҳои дар назди давлату миллат қарордошта саҳми арзандаи худро гузорем. Рушди иқтисодиву  иҷтимоии имрӯзаи Тоҷикистон натиҷаи суботи бардавом ва устувори сиёсӣ аст. Маҳз фазои осудаи кишвар, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ватандорӣ аст, ки моро қадам ба қадам ба сӯи  комёбӣ, музаффарият ва фатҳи қуллаҳои мурод раҳнамун месозад.

 

    Маҳмадов Одилҷон -Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg