БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ вазифаи мост!

ҚУБОДИЁН.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Насли наврас” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин иштирок дошта, оиди ба  таълиму тарбияи фарзанд, дар бораи вазъи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ  ва самтҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила, пешгирии  никоҳи хешутаборӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, муқовимат бо коррупсия, пешгирии  шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ки масъалаҳои болозикр аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеоянд, андешаронӣ намуд. 

Дар охир ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғ нагардида, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, бо шукргузорӣ аз фазои тинҷу ороми кишвар барои шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg