КУШОНИЁН. Вохӯриҳои кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар доираи ҷадвали тасдиқгардида дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Кушониён дар нимаи якуми соли 2019 ва амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” идома дорад.
Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 - ноҳия бо омӯзгорон сурат гирифт.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баррасиии масъалаҳо доир ба вазъи ҷаҳони муосир, омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрониӣ намуданд.
Баъдан дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар муассисаи номбурда аз ҳисоби Кумитаи падару модарон 500 адад гулҳои ороишӣ дар назди муассиса шинонида шуда , 21 адад тирезаҳои пластикии ошёнаи якум иваз карда шуданд ва роҳравҳои муассиса қисман сафолакпӯш карда шуда, дар назар аст, ки то 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз таъмири хушсифат бароварда мешавад.