БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём ҳамчум қутбнамое дар роҳи созандагӣ мебошад

КӮЛОБ. Вохӯрӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сафобахш” оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки ҲХДТ анҷом дода шуд.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер таъкид дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон ба Маҷлис Олӣ барномаи амал буда, тамоми бандҳои он бояд мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор гирад. Дар росто мавсуф қайд кард, ки Кумитаи иҷроия тасмим гирифтааст, ки шарҳу тавзеҳи Паёмро ба таври фарогир миёни аҳолӣ тариқи нишасту мулоқотҳо ба роҳ монад.

Бо дарки масъулиятшиносии баланд дар навбати худ роҳбари тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии “Сафобахш” гуфт, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб Паёмро ҳамчум қутбнамое дар роҳи созандагӣ истифода хоҳанд бурд.

Мулоқот дар фазои якдигарфаҳмии комил ва бо саволу ҷавобҳо доир ба дигар паҳлуҳои Паёми Пешвои миллат, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва супоридани билетҳои ҳизбӣ ба аъзои нави ҲХДТ ба фарҷом расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg