БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – Каъбаи умеди мо халқ асту бас!

ДАНҒАРА. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳалаи Шарқ”-и ҷамоати шаҳраки Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки масъулини ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур масъулин  оид ба нуктаҳо ва масъалагузориҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои тундгаро, коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ва риояи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ,  эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg