БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «МНДЭС-и вилоят» тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он Ҳакимова Волида мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб иштирок дошта, оид ба Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳамчун барномаи солонаи рӯзгори мардум муқаррар карда мешавад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз сарчашмаҳои ташаккул ва инкишофи ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру раҳнамои ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Паём ҳуҷҷати стратегӣ, муқарраркунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дар ин росто муайянкунандаи вазифаи ҳар сокини кишвар дар роҳи татбиқи амалии он мебошад.
Инчунин, мавсуф дар бораи моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои саҳм гузоштан дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ раҳнамоӣ намуд.
Дар охир ба 8 нафаре, ки барои аъзо шудан ба унвонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.