БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастгирии Паём ин сарбаландию хушрӯзии мо сокинон аст!

БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Сари Мазор”-и ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев бо сокинон хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзозода Исуф, ёрдамчии прокурори ноҳия С.Рауфзода  ва сархатиби ноҳия С. Хоҷаев иштирок намуда,  сараввал оид ба нуктаҳои муҳими  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баромад карда, иброз доштанд, ки шаҳрвандон  нерӯи бузургро ташкил мекунад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем ҳамеша миёни оммаи васеъ таблиғоту ташвиқотро оид ба сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат, бунёдкориву созандагӣ, муқовитам бо коррупсия ба роҳ монда, баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  саҳми муносиб гузорем.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg