БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз ободии маҳаламон оғоз мешавад!

ШАҲРИТУЗ.Тибқи ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар деҳаи Қумшоҳи ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов бо ҷалби шабакаи  телевизиони Тоҷикистон  хониши сиёсӣ ва қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  баргузор гардид.

Дар корҳои созандагиву ободонӣ фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ,  сокинони деҳа  бо ҳамдилӣ  баҳри ободонии маҳалли зисти худ камари  ҳиммат  баста,  барои тахту ҳамвор ва сангфарш намудани роҳҳои  деҳа саҳми назаррас гузоштанд.

Инчунин, дар  идомаи Аксияи  шинондани ниҳолҳои дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда машғул шуданду дигаре бо тоза намудани ҷӯю заҳбурҳои деҳа, касе шохони қоқ шудаи дарахтонро арра мекарду, дигаре навдаҳои қоқгаштаро ба ҳам дарза мебаст, гурӯҳи дигар бо тоза намудани мавзеи партовгоҳи деҳа машғул буданд.

Барои осон намудани кори ҳашари деҳотиён техникаи вазнин сафарбар гардонида шуда буд. Бо ҳамин тариқ дар муддати хеле кӯтоҳ кори ба ҷашм назаррас дар ҳамбастагӣ иҷро гардида, ба ҳусни маҳалла боз таровати тоза бахшид.

Чунин иқдомҳои созанда, ки аз азал хоси мардуми деҳоти тоҷик буд, дар оянда боз ҳам дар дигар маҳаллаю деҳоти ноҳия ба назар гирифта шудаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg