ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" дар маҳаллаи Мушфиқӣ корҳои ободониву созандагӣ доир карда шуд.
Инчунин, дар роҳандозии Аксияи ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун иштирок доштанд.
Аксияи мазкур аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ пазируфта шуда, бо ибтикори сокини маҳалла роҳи маҳаллаи Мушфиқӣ, ки солҳои зиёд рӯи таъмирро надидаву ба рафту омади истиқоматкунандагон монеъа эҷод мекард, сангфарш карда шуд.
Чунин корҳои ободониву созандагӣ бо ташаббуси фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бомаром идома доранд.