БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми навбатии Пешвои миллат руҳияи созандагии мардумро боло бардошт

ХОВАЛИНГ.  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз руҳияи созандагии мардумро хеле боло бардоштааст.  Ин маъниро дар хонишҳои сиёсие, ки дар ташкилотҳои ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида мешавад, бараъло эҳсос менамоем.

Хониши сиёсӣ дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дашти қавақ»-и ҷамоати деҳоти Ховалинг бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия гузаронида шуда низ дар чунин руҳия доир карда шуд.

Дар назди аъзои ҲХДТ мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи Ҷалолиддин Қаюмов баромад намуда,  мазмуну муҳтаво ва талаботҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро ба онҳо фаҳмонид. 

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №  6  Гулҷаҳон Сафарова дар баробари шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат  аз фаъолияти вакилии худ дар давоми соли 2018 дар назди нтихобкунандагонаш ҳисобот дод.

Хозирин дар баромадашон оид ба гирифтани маълумоти мукаммал дар бораи  бандҳои Паём ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва барои доир намудани чунин хониши муфид миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва созандагиро вусъати  тоза мебахшанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg