БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба шукуфоии Ватан мусоидат мекунад

ҲАМАДОНӢ. Дар деҳаи Таги намаки ҷамоати деҳоти Қаҳрамон ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва саҳмгузории сокинони маҳалла кӯчаҳои деҳаи мазкурро сангфарш карда истодаанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода бо сокинони деҳа вохӯрӣ гузаронида, корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати ҷшни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 26.12.2018 ироа гардид, суханронӣ карда, қайд намуд, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи Истиқлолияту озодӣ ва соҳибватанию соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg