
НОРАК. Бахшида ба сазовор таҷлили намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бақайдгирӣ” вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар Аксияи мазкур аз ҷониби ташкилоти номбурда корњои рангубори берунии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъмири роњравњои назди бинои корхона, шинонидани гулњои ороишӣ идома дорад.
Зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ раиси ташкилоти ибтидии ҳизбии “Бақайдгирӣ” Саидов Суҳроб қайд намуд, ки бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта аз ҷониби кормандони ташкилот шанбегиҳо гузаронида мешавад, ки минбаъд низ бахшида ба ин санаҳои муҳим корҳои ободониву созандагӣ ба нақша гирифта шуда, бомаром идома доранд.