БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо дастгирии фаъолони ҳизб мушкилоти сокинон дар деҳот ҳалли худро ёфта истодааст

ДӮСТӢ. Вобаста ба амалӣ гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар оид ба татбиқи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо иқдоми ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Анорбоғ»-и деҳаи ба номи А.Раҷабови ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» доир гардид.

Аксияи мазкур бо кӯмаку дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Асроҷов Саидмухтор ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Қирғизов Саидраҳмон баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории Аксияи ҳизбӣ  зиёда аз 400 метр сангфарш намудани роҳи валангори байни деҳа, ки солиёни зиёд сокинон ҳангоми рафту омад азият мекашиданд, роҳандозӣ гардид. Вобаста ба ташкили ҳашари дастаҷамъона сокинон, аз ҷумла аъзову ҷонибдорони ҳизб бо тавсияи ин марди саховатпеша дохили оромгоҳ ва роҳраву кӯчаҳоро аз партовҳо тоза намуда, ҷӯйборҳои обгузари дохили деҳаро тоза карданд. Вобаста ба ҳадафи чоруми таъкидгардидаи Пешвои миллат Асроҷов Саидмухтор дар дохили деҳа сохтмони сардхона, гармхонаи лимупарвариро оғоз намуд, ки ин боиси рушди деҳот мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg