БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Як қадами устувору бузургӣ кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ-истиқлолияти энергетикӣ

ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази тибби Сино»-и ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш  оид ба  шарҳу тавзеҳ ва татбиқи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрии таъсирбахш доир карда шуд. 

Дар вохӯрии баргузоргардида раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Даминов Илҳом иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Одилҷон Маҳмадов ба сухан баромада,  иброз дошт, ки яке аз дастовардҳои хотирмон ин ба кор андохтани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун мебошад, ки Пешвои миллат дар Паёмашон  ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд: «Ба кор андохтани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузургӣ кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ-истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад».

Дар охир ҷиҳати дар амал  татбиқ намудани  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қисмати замини ташкилот нарм ва тозаву озода карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg