Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пайваста Аксияи тарғиботӣ-амали ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади тозаву озода намудани ду тарафи шоҳроҳи ноҳия баргузор шуда истодааст.
Сокинони ноҳия, аз ҷумла фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоту муассисаҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид ба ҳашари дастаҷамъона баромада, баҳри ободонии маҳалли зисти худ камари ҳиммат бастанд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин иқдомҳои созанда дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар оянда низ пайваста анҷом дода мешаванд.