БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Масъулияти шаҳрвандон дар корҳои созанда бузург аст

ДӮСТӢ.Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Найсон”-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ Аксияитарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  баргузор гардид.

Аксияи мазкур бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Холов Абдуғаффор ташкил гардида, дар он сокинони деҳот ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд. Сокинон ба тозаву озода намудани атрофи чойхона, кӯчаву роҳравҳо ва шинонидани ниҳолони сояафкану ҳамешасабз,  нарм намудани бехи бехи дарахтон, аз алафҳои бегона тоза кардани  гулҳои ороишӣ  камари ҳиммат бастанд.

Зимни баргузории Аксияи мазкур аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  дар самти корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати сазовор  пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрӣ доир гардида, дар он кутаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg