ВОКУНИШ. Сомонаи «Паёми мардум» бо баёнияе аз номи раиси «Паймони миллӣ» Муҳиддин Кабирӣ дар як матолиби худ аз босмачӣ қаҳрамон тарошида, саркардаҳои ин тӯдаи гумроҳонро «қаҳрамон, ватандӯст, озодихоҳ» унвон кардааст.
Ба ақидаи Муҳиддин Кабирӣ вазифаи асосии «Паймони миллӣ» дар баробари дигар вазифаҳои «муҳими» сиёсӣ зинда гардонидани номи «муборизин», ки дар даврони худ муқобили «болшевикон» мубориза бурдаанд, маҳсуб ёфта, барои зинда гардонидани ному сафед кардани онҳо дар оянда аҳли «паймон» кӯшиш ба харҷ медодаанд.
Ва ҳатто то ҷое худу ҳамсафонашонро дар замони муосир ба ҳамон «озодпарастон»-е, ки васфашон менамояд, ташбеҳ дода, намедонам бо кадом далелу шарти исломӣ онҳоро ин шахси манфур «шаҳид» ҳукм намудааст. Ҳол он ки «шаҳид» будану набудани инсонро ба ғайр аз Холиқи якто каси дигар намедонаду ҳукми ғайриисломӣ баровардан ин аллакай мусулмонии инсонро зери суол мебарад.
Ба андешаи солим босмачӣ ҳеҷ гоҳ қаҳрамон набуду намебошад. Зеро ба ҷуз хиёнату бедодгарӣ ва куштори мардуми бегуноҳ дар доираи мафкурасозии пантуркистию инглисӣ босмачӣ дигар ҳеҷ хизмат назди мардум накардааст.
Барои таърих солҳои босмачигарӣ он қадар дур нестанд. Ҳатто то ҳол дар гӯшаю канори кишвар иштирокчиёни солҳои босмачигарӣ аён-аён кору зиндагӣ мекунанду онҳо аз ин тӯдаи дузду авбош ва хиёнаткор начандон хотироти хуб доранд. Аз дасти ин гурӯҳи ба ном ватанхоҳ дар кӯҳистонҳои Ғарму ӯулоб на гову молу на зану духтарон дар амон буданд. Шаб мисли гурги гурусна ба ҳар як деҳа шабонхун зада, аз мардум охирин қутти лоямут ва тамоми дороиашонро аз они худ мекарданд.
Ҳама аз таърих нағз медонанд, ки аксари саркардаҳои ҳаракати босмачигарӣ миллатҳои ғайритоҷик буданд ва дар ҳамон солу замон ин гурӯҳи манфур аз мардуми бумии тоҷик ба ҳайси як сипари муҳофизатӣ истифода мекарданд.
Ба маълумоти ҷаноби Кабирӣ мерасонем, ки барои «сафед» кардани босмачиён ва шояд худи ӯ кофтукови ягон бойгонӣ зарурат надорад. Зеро он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Босмачиён чун шумо хиёнаткорони имрӯз барои истифодаи мардум динро истифода мекарданд. Дар зери ниқоби дин чун имрӯза кору амали шумо хонаи бисёр инсонҳои бегуноҳро сӯхтанд.
Ватани мо, истиқлоли моро касе аз байн бурда наметавонад. Зеро мо аллакай шаҳди истиқлол, эҳсоси истиқлолро дорем. Аз босмачӣ «истиқлолхоҳ» тарошидан ин камоли бемаърифатист. Хитоби Кабирӣ дар мавриди фаҳми истиқлолият танҳо барои аъзои «Паймони миллӣ» қадру манзалат дораду халос.
Бузургтарошӣ аз худу аз босмачӣ ин афкори чун тароша аз бом афтидаеро мемонад, ки дар ҷомеаи мадании мо дигар мақом надорад.
Мори бесар ё чорсар…..
Маълум аст, ки забони Кабирӣ бо қалбаш яксон нест. Зеро ҳар боре, ки дар суҳбати “онлайни” аз ӯ дар мавриди муносибати маҳрамона бо баъзе аз тудаи «паймон» суҳбат мекунанд, бо қиёфаи айёрона аз суҳбат канораҷӯӣ карда, мавзӯъро ба рисолати зан-модари тоҷик пайваст ва аз идомаи суҳбат худдорӣ мекунад. Бале, ҷаноби Кабирӣ хеле сиёсатмадори айёр аст. Аз посухи ин савол канораҷӯӣ карданаш низ ба маврид аст. Зеро бо ин тарзи баён мехоҳад аз ҳисоби тӯдаи гумроҳу ромшудаи наҳзатӣ бренди сиёсӣ ба даст орад. Ва, ҳатто ҳамлаи иттилооти-сиёсӣ карда, рӯйи рост дурӯғ низ мегӯяд. Агар дар дасти Кабирӣ он гуна маълумотҳое, ки тасаввур мекунад мебуд, ҳоло медидем, ки чӣ қадар лоф мезад, чӣ қадар тавтеаи навро бо ҳамроҳонаш роҳандозӣ мекард ин мори бесар ё чорсар.
Мори бесар ба он хотир, ки бо расидан ба мансаби ба ном раиси «Паймони миллӣ» аз дини худ, ки пайваста аз он суҳбату муколамма мекард, рӯ тофт. Аниқтараш, наҳзати исломро бо ду пул арзон фурӯхт. Мори чорсара ин ки «Паймони миллӣ» танҳо бо ақли Муҳиддин Кабирӣ фаъолият намекунад. Он ҷо ақли А.Шерзамон, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Яқубов мақому манзалат дорад. Ва ин мори чорсар ҳар гардиш пӯст иваз мекунад. Гоҳе аз давлати охундӣ гила мекунад, гоҳе аз босмачӣ қаҳрамон метарошад, гоҳе аз сиёсату давлатдории аҳли сайёра қисса мекунад ва гоҳе чу даррандаҳои хунхор ба ҳам дар меафтанд. Ва аз ки будану чӣ шудани оқибати корашон андеша намекунад.
Мо андеша мекунем, ки охир кори Кабириву тимаш нобудӣ ва назди мардуми Тоҷикистон бахшиш пурсидан аст, гарчанде ин миллат хиёнаткоронро дигар ҳеҷ гоҳ намебахшад.
Назарзода Толибҷон Мирзомад , раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин