Ш.ШОҲИН. Бо ҷалби ташкилотҳои ибтдоии ҳизбии «Фарҳангчиён», «Коммуналӣ», «Беморхонаи марказӣ», «Ҳушанг» ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии оилаҳои ниёзманду ятимон ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ карда шуд.
Дар Аксияи ҳизбӣ ташкилотҳои ибтидоии болозикр ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия маводҳои хӯрока харидорӣ карда шуда, ба чор оилаи ниёзманди ҷомеа ва маюбону ятимони кулл кӯмаки яквақтаина расонида шуд. Чунин амалҳои нек бо ҷонибдори аз сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон минбаъд низ ба нақша гирифта шуда амалӣ карда мешавад.