БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Беҳтарин хайр дасти ятимону дармондагон ва беморону бечорагонро гирифтан аст

ҶАЙҲУН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии Панҷ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун Асоева Соҷида ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳамчунин оид ба баррасии муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2018 хониши сиёсӣ  баргузор гардид.

Зимнан дар рафти чорабини Сабурзода Насим-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуда, қайд кард, ки воқеан ҳам дасти дармондагон, бепарасторон, ятимон ва маъюбону бечорагонро гирифтан беҳтарин хайр аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки ҳоло дар кишвар 149 ҳазор нафар шахсони маъюб, аз ҷумла 15 ҳазор нафар маъюбони гурӯҳи якум, қариб 27 ҳазор нафар маъюбони то 18-сола ва 71 ҳазор нафар ятимон умр ба сар мебаранд. Маблағи умумие, ки ҳар моҳ аз ҳисоби буҷети давлат танҳо ба ятимон пардохта мешавад, беш аз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Кобили зикр аст, ки дар доираи чорабинии мазкур дар деҳаи Сомонӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Аксияи тарғиботи - амалии ҳизбии "Якчоя ҳал мекунем" роҳандозӣ гардид. Дар доираи ин Аксия бо дастгирии раиси деҳаи Сомони Иблоев Сайъалам ва сокинони фаъоли деҳаи мазкур ба як шахси маъюбу дармонда Никифиров Коля истикоматкунандаи дехаи Сомони кӯмаки моддӣ расонида шуд. Ҳамчунин аз тарафи сокинони деҳаи Сомонӣ дарун ва гирду атрофи хонаи Никифиров Каляро аз партовҳо бо тариқи ҳашар тоза карданд. Инчунин раиси дехаи мазкур Иблоев Сайъалам нақша дорад, ки дар оянда дар хонаи шахси номбурдаро бо тариқи хашар аз таъмири ҷорӣ низ барорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg