ХОВАЛИНГ. Хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҳсон» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд, хеле муфид буд.
Ҳизбиён баромади корманди Кумитаи иҷроияиноҳиявии ҳизб Ҳасан Қурбоновро оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ –ро мавриди баррасӣ қарор дода, мавсуф дар баромадаш дар баробари шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паём ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазифаи ҳар як аъзои ҲХДТ, аз ҷумла корманди мақомоти андозро дар иҷрои дастуру ҳидоятҳои Паём ва самтҳои муайянкардашудаи фаъолияти ҲХДТ ба таври мушаххас муайян намуд.
Дар баромади Ҳасан Қурбонов оид ба пайдо намудани манбаъҳои нави андозбандӣ ва иҷрои босифати қисми даромади буҷаи ноҳия, роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Дар хониши сиёсӣ аъзои ҲХДТ, сардори нозироти андози ноҳия Ҳотамшоҳ Ғаниев дар баромадаш аз хониши сиёсии доирнамуда изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки кормандони нозироти андози ноҳия, ки ҳамаашон аъзои ҲХДТ мебошанд.
Дар анҷоми хониши сиёсӣ ду нафар ҷавони нав ба кор қабулгардида, бо ариза ба сафи ҲХДТ қабул карда шуданд.