ҲАМАДОНӢ. Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳия вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлатҷон Ғаффорзода ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо аҳли ҷамоатчигӣ, раисони Кумитаи маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Қаҳрамон, оид ба фаҳмонидани нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардид.
Давлатҷон Ғафорзода зимни суханронӣ қайд кард, ки дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёншуда соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 % ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 % нигоҳ дошта шуд. Пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи касоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд - 25 % кам гардид.
Дар охир ба омӯзгорону кормандони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.