ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲҲДТ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ба Маҷлиси Олии Ҷмуҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуъбаи Амонатбонк» вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назаров Алиҷон иштирокнамуда, нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, дар бораи самтҳои асосии сиёстаи дохилӣ ва хориҷии мамалакат суханронӣ намуд.
Дар охир ба ҳамаи иштирокдорон маводҳои таблиғотӣ ва тақвимҳои кисагӣ бо аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд.