БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг муаррифгари муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа

ЛЕВАКАНТ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲДТ дар шаҳри Левакант  дар ЛКСК –и шаҳр чорабинии фарҳангиву тарбиявӣ ва намоиши ҳунарҳои дастони касбомӯзон баргузор гардид.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 барои мо сокинон ва хоса барои онҳое, ки дар риштаи соҳибкорӣ фаъолият мебаранд, воқеан фараҳбахш ва хурсандивар буд. Ин пешниҳод идомаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки тӯли як сол таҳавуллоти ҷиддие дар ҳаёти ҳунармандон, фарҳанги либоспӯшӣ ва шинохти асолати миллии тоҷикон дар саросари ҷаҳон гардид.  Мақсади асосии ин пешниҳод пеш аз ҳама ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа, хусусан барои ҳунармандон ва касбомўзон  муаррифӣ шуд.

Дар нишасти 13-уми Юнеско ба ҳайси «Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият» эътироф шудани яке аз ҳунарҳои қадимии хоси бонувони тоҷик-чакан ифодагари суханони боло,  нишонаи ҳамчун миллати созандаву бунёдкор, сулҳҷў ва инсонпарвар мақом доштани тоҷикон дар байни миллатҳои ҷаҳон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg